Jump to content

WikiCon 2025 Осиёи Марказӣ/ Амният

From Meta, a Wikimedia project coordination wiki
This page is a translated version of the page Central Asian WikiCon 2025/Safety and the translation is 100% complete.

Ин дастурҳо барои таъмини амният ва некӯаҳволии шумо ва дигар ширкаткунандагони конфронс пешниҳод шудаанд. Лутфан, онро бодиққат хонед ва агар чизе барои шумо нофаҳмо бошад, ба ҳайати ташкилот бо саволҳо муроҷиат кунед.

Тошканд дар ҳоле ки пойтахти Ӯзбекистон ва аксаран ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд, имрӯз ҳам ҳамчун шаҳри гунонгунфарҳанг, мазҳабӣ ва хеле гуногунранг боқӣ мемонад. Ин мақом бо ҳадаф ва рӯҳияи конфронси мо мувофиқат мекунад ва барои он заминаи мувофиқ фароҳам меорад.

Дастурҳои бехатарӣ барои ширкаткунандагон

  • Расму оин ва урфу одатҳои маҳаллӣ: Пас аз ворид шудан ба Ӯзбекистон, бо расму ойин, қонунҳо, урфу одатҳои динӣ ва иҷтимоии маҳаллӣ шинос шавед. Баъзе одатҳо барои шумо шояд маъруф ва ошно бошанд, вале бархеи дигар метавонанд ғайримунтазира бошанд — пешакӣ бидонед, ки чӣ гуна рафтор кардан лозим аст ва аз чӣ бояд худдорӣ варзид, то ба вазъияте гирифтор нашавед, ки боиси маҳкумияти иҷтимоӣ ё ҳатто пайгарди қонунӣ гардад.
  • Нақлиёт: Аз васоити боэътимоди нақлиётӣ, ки аз ҷониби созмондиҳандагони ҳамоиш дар саҳифаи макони баргузорӣ тавсия шудаанд ё онҳое, ки бозбинӣ ва баҳогузории хуб доранд, истифода баред. Яке аз харитаҳои офлайнеро, ки дар ҳамон ҷо пешниҳод шудааст, боргирӣ кунед, то дар шаҳр бо осонӣ роҳ ёбед.
  • Рӯзомадсозии нармафзор: Бовар ҳосил кунед, ки ҳамаи дастгоҳҳои шумо бо навтарин бастаҳои амниятӣ рӯзомад шудаанд.
  • Муҳофизати гузарвожа: Барои ҳамаи ҳисоби худ аз гузарвожаҳои мустаҳкам ва нотакрор истифода баред. Истифодаи мудири гузарвожаҳо (password manager)-ро баррасӣ кунед.
  • Нусхаҳои эҳтиётӣ: Ҳамаи маълумоти худро мунтазам нусха бардоред ва онро дар ҷойи амни алоҳида нигоҳ доред.
  • Муҳофизати ҳувияти шахсӣ: Ҳувияти шумо дар интернет бояд муҳофизат шавад. Захираҳои зерин метавонанд ба шумо дар таъмин намудани амнияти шахсӣ кумак расонанд:
  • Паёмрасонии рамзгузоришуда: Барои муошират аз барномаҳои паёмрасонии рамзгузоришуда истифода баред.
  • Аз истифодаи Wi-Fi-и умумӣ худдорӣ варзед: Танҳо аз нуқтаҳои боэътимоди Wi-Fi (дар меҳмонхона ё макони баргузории ҳамоиш) истифода баред. Агар маҷбур шавед, ки дар ҷои дигар пайваст шавед, ҳатман тавассути VPN пайваст гардед.
  • Санҷиши иттилоот: Нисбат ба паёмҳо ё имейлҳое, ки дархости маълумоти шахсӣ ё пардохтҳоро вобаста ба ҳамоиш доранд, боэҳтиёт бошед. Ҳамеша иттилоотро бо ташкилкунандагони маъруфи ҳамоиш тасдиқ кунед. Рӯйхати ташкилкунандагон ва маълумоти тамосро метавонед дар саҳифаи даста пайдо кунед ё аз нишонии расмии электронии мо CAWikiCon25@gmail.com истифода баред.

Рафтори мунтазира

  • Рафтор: Аз зоҳир намудани эҳсосоти аз ҳад зиёд дар ҷойҳои умумӣ худдорӣ намоед ва ба ҳудудҳои шахсии дигарон эҳтиром гузоред. Пеш аз барқарор кардани муошират, омодагии шахсро ба тамос дарк кунед. Ҳангоми муошират ба фазои шахсии дигарон таваҷҷуҳ кунед, масофаи муносибро нигоҳ доред — ҳам барои эҳтироми шахсӣ ва ҳам барои коҳиши хатари паҳншавии бемориҳо.
  • Огоҳӣ аз фарҳангҳо: Ба хусусиятҳои фарҳангӣ, расму оинҳои динӣ ва одоби рафтори дигарон таваҷҷуҳ намоед. Дар муошират бо дигарон боэҳтиром ва кушода бошед — иштирокчиёни зиёде аз фарҳангҳо, мазҳабҳо ва заминаҳои гуногун ҳузур хоҳанд дошт, ки метавонанд назару дидгоҳҳои мухталиф дошта бошанд.
  • Эҳтироми мутақобил: Ҳатто агар бо касе розӣ набошед, боэҳтиром бошед. Дар мавриди амалҳо, андешаҳо ва мафҳумҳо баҳс кунед, вале аз муҳокимаи худи шахсони алоҳида худдорӣ намоед. Агар ихтилофи назар шадид шавад, бо адаб рафтор кунед ва агар ин натиҷа надиҳад — аз муошират худдорӣ намоед ва ба ихтиёриён ё кормандони гурӯҳи «Эътимод ва Амният» муроҷиат кунед.

Аз чӣ бояд худдорӣ кард

  • Ба дигарон озор нарасонед: Озору азият, хоҳ шифоҳӣ хоҳ ҷисмонӣ, қатъиян манъ аст. Рӯйхати нопурраи амалҳое, ки метавонанд озор ҳисобида шаванд:
  • Таҳқири дигарон, аз ҷумла истифодаи дашномҳо ва қолабҳои стереотипӣ,
  • Озори ҷинсӣ, аз ҷумла изҳори назар дар бораи бадани шахсони дигар ва ҳар гуна наздикшавии ҷинсӣ, ҳатто агар бо нияти «хуб» бошад,
  • Ирсоли таҳдидҳо, хоҳ ба шахси мушаххас ва хоҳ ба умум, ва ташвиқи расонидани зарар ба дигарон, аз ҷумла ташвиқи шахс ба осебрасонӣ ба худ,
  • Доксинг ва ҳар гуна ифшои маълумоти шахсӣ бидуни розигии шахс,
  • Троллинг ва таъқиби доимӣ.

Амнияти ҷавонон

Гурӯҳи корбарони Викимедиёни забони ӯзбакӣ ӯҳдадор аст, ки барои ширкаткунандагони ҷавон дар ин ҳамоиш муҳити амн ва мусбатро таъмин намояд. Бо ин мақсад, ташкилкунандагон ва иштирокчиён уҳдадоранд, ки талаботи зеринро риоя кунанд:

  • Шахсони синнашон 14-сола ё камтар бидуни ҳамроҳии падару модар ё парастори қонунӣ ҳаққи сабтином барои ҳамоишро надоранд. Шахсони аз 15 то 18-сола танҳо ҳамчун узви гурӯҳе, ки ҳадди аққал як калонсолу масъулро дар бар мегирад, метавонанд иштирок кунанд. Созмондиҳандагони ҳамоиш ба калонсолони масъул хотиррасон мекунанд, ки ширкати ҷавон набояд дар ҳамоиш бе назорат бошанд.
  • Дар макони баргузории ҳамоиш меҳмонони даъватнашуда иҷозати ҳузур нахоҳанд дошт.

Созмондиҳандагони ҳамоиш нусхаҳои нақшаи амнияти ҷавононро барои ширкаткунандагони ҳамоиш дастрас хоҳанд кард.

Илова бар ин, созмондиҳандагони ҳамоиш масъуланд, ки ҳамоиши онҳо бо тамоми қонунҳо ва қоидаҳои маҳаллии марбут ба ширкаткунандагони ҷавон мутобиқат дошта бошад.

Ризокорони Эътимод ва Амният

Гурӯҳи ихтиёриёни вижа вуҷуд дорад, ки вазифаашон таъмини риояи ин дастурамалҳо дар ҷараёни ҳамоиш мебошад. Агар шумо савол ё нигароние дар бораи амнияти худ ё шахси дигар дошта бошед, бе дудилагӣ ба онҳо ё ба яке аз аъзои гурӯҳ барои кумак ва шарҳ муроҷиат намоед.

(Елена)
Олмотӣ, Kazakhstan Қазоқистон
UTC+5
ru-n, en-1
ElenaLitera
(Стася)
Санкт-Петербург, Russia Русия
UTC+3
ru-n, en-3
Lvova
(Саадат)
ky, ru, en
Colibri Last


Тамос бо мо

Агар шумо савол ё назаре дошта бошед, ки онро шахсан гуфта наметавонед, ё мехоҳед масъалаеро ба мо гузориш диҳед, лутфан тавассути 'CAWikiCon25@gmail.com' бо мо тамос гиред.