Two Russian WPs

From Meta, a Wikimedia project coordination wiki
Jump to navigation Jump to search

Сафармуҳаммад Айюбӣ (20 декабри 1945, Кӯлоб22 феврали 2011, Душанбе) — шоир, дромнавис, Шоири халқии Тоҷикистон. Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Сафармуҳаммад Айюбӣ тарҷумаи ҳол[edit]

20-декабри соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб таввалуд ёфта, дар ҳамон ҷой, соли 1976, Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба итмом расондааст. Баъдан мухбири рӯзномаву оҷонсиҳои Бо роҳи Ленини. Хатлон. ТоҷикТА. ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993), Сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти ТВТ(1993-1995), сардори раёсати Фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995-1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997-2008), аз соли 2008 бознишаста ва машғули фаъолияти эҷодӣ будааст. Нахустин шеърҳои ӯ аз аввали солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои Садои Шарқ . Помир . Маориф ва маданият. Тоҷикистони Советӣ. Адабиёт ва санъат,ва дигар расонаҳои хабарию адаби мунташир гардидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои Гули гандум(1980). Роҳи сафар(1984). Шохаи барқ(1986). Фалаки роғӣ(1990). достонҳои Хоҳиши дарё(1990). Мунзим(1990). Вафои Зарробӣ(2001). Маснавии мирӣ(2001). Шаҳриёрнома(2002) ва ғайра мебошад. Бештар аз 200-драммаи манзум офаридааст, ки аз он ҷумла Фишор(1984)-у Заволи Чамбули Мастон(1997) дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шумурда соҳиби ҷоизаи олии фестивал-Гран-при гардонида шудаанд, ҳамчунин асарҳои манзуми драмавии ӯ Хатои охирини Афлотун(1990). Алии Сонӣ (1994). Меъроҷи Шоҳин(1995). Айюби Собир дар шаҳри бесуннат(1996). Амир Балъамӣ (1997), ғолиби машварат озмунҳои драманависони касбии Тоҷикистон гардиданд.Ашъори ҷудогонаи Н.Доризо, Р.Рождественский, М.Геттуев, Миртемир ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Оҳангсозони тоҷик ба бештар аз 200-шеъри ӯ оҳанг бастаанд, ки аз ҷониби сарояндагони мумтози кишвар суруда мешаванд. Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995). Шоири халқии Тоҷикистон(1999). Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000). Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон Ноҳид(1994). Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагон аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон аз соли 1981 узви Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон аст. Устод солҳои дароз аз бемории саратони мағзи сар азият мекашид ва ҳамин тавр 22-феврали соли 2011 аз олам даргузашт. Ҷанозаи устод бо ҳузури садҳо мухлисонаш ва дӯсти вафодораш Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар масҷиди Якачинор баргузор гардид ва пайкари поки устод дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар назди шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Ва дере нагузашта дар шаҳри Кӯлоб мактаберо ва дар шаҳри Душанбе кучаеро ба номи устод Сафармуҳаммад Айюбӣ гузоштанд. Аз Аллоҳи бузург хоҳони онем, ки рӯҳи устодро шод, қабрашро кушоду пур аз нур ва ҷояшро Ҷаннатул-Фирдавс гардонад омин.

Шеърҳои тасаввуфии Сафармуҳаммад Айюбӣ[edit]

ШУКРОНА

Ба дарду кулфати саҳлу гарон шукрона бояд кард,

Ба ҳар пасту баландии замон шукрона бояд кард.

Замину осмону одам эҳсони Худованд аст,

Ба эҳсони Худои меҳрубон шукрона бояд кард.

Зи оғози ҷаҳон то охири он турфатулайн аст,

Дар ин як лаҳза умри бекарон шукрона бояд кард.

Ҷаҳонгирони бегўру кафан дар даҳр бисёранд,

Барои гўру чўби рафтагон шукрона бояд кард.

Тамоми мардуми шодоби дунё ташна мемирад,

Барои ҳар кафи оби равон шукрона бояд кард.

ҳар он чӣ дода худ парвардгорам, боз мегирад,

Ба шодибахши рўҳи ҷисму ҷон шукрона бояд кард.

Барои рафтагони ормонӣ хайр бояд гуфт,

Барои зиндагии бандагон шукрона бояд кард.

   ПАНДИ ДЕРИН

Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,

Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад.

Шавқу шури навҷавониро пайи ишрат мабар,

Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонаш мекушад.

Кудаконашро агар н-омухт одобе падар,

Оқибат ноодамии кудаконаш мекушад.

Мебари бо худ камон аз тири он андеша кун,

Марди беандешаро тири камонаш мекушад.

Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад,

Ҳалқаи гирдоби дарёи равонаш мекушад.

То ки қад боло кунад по монд дар болои дуст,

Бевафоро дар ҷудои душманонаш мекушад.

Гуфт Айюбӣ сухан аз синаи бедарду ғам,

Дарди он бедардҳои достонаш мекушад.


 ЭЪТИҚОДУ МЕҲР МЕБОЯД

Мушкиле гар пеш меояд Худоро ёд кун,

То гиреҳ аз ҷаҳл бикшояд Худоро ёд кун.

Бок набвад гар бахиле аз раҳи кину ғазаб,

Заҳр бар деги ту партояд Худоро ёд кун.

Ҳафт пушти бандаи ноаҳл н-осояд ба хок,

То падар дар хок осояд Худоро ёд кун.

Теғи ноҳақ бар сари ту панҷаи шафқат шавад,

Чун Худо худ раҳм бинмояд Худоро ёд кун.

Бас мусалмоне бидидам кори кофар мекунад,

Бе Худое то ба худ ояд Худоро ёд кун.

Чун паёмбар обру дарёб аз пиндори нек,

Обруят то ки афзояд Худоро ёд кун.

Ай ки мепурси:-мусалмонро чи мебояд ба дил?

- Эътиқоду меҳр мебояд Худоро ёд кун.


      РЎИ ХИЗР

Гар биҳишти нақд хоҳӣ, бар аёли худ нигар,

Гар ҷамоли пок хоҳӣ, бар ҷамоли худ нигар.

Ҷилваи оҳу агар хоҳӣ, дами маҳтобшаб

Бар ду чашми дилбари абрўҳилоли худ нигар.

Нест ҷавлонгоҳи чуғзу зоғҳо арши Худо,

То, ки болотар парӣ, бар парру боли худ нигар.

Рўи Хизри покро хоҳӣ, ки бинӣ ҳар саҳар,

Рўи хони хеш бар нони ҳалоли худ нигар.

Мисли Айюбӣ агар дарёфтан хоҳӣ мурод,

Бар тариқи дўcтони баркамоли худ нигар.

      ҚАРЗИ ҚИЁМАТ

Сўзонд чашми моро ашки надомати мо,

Кўрем мо, аз ин пас, манмо маломати мо.

Пайғамбари Худоро гуфтанд: - Мақсадат чист?

Гуфто: - Фурўғ бурдан бар ҷумла уммати мо.

Бар рўи мавҷи куҳсор тўфони Нўҳ бархост,

Монанди навниҳоле бишкаст қомати мо.

Тан зери хоки тира, рўҳам ба боли Ҷабрил,

Дар погаҳи Худо ҳаст ҷои иқомати мо.

Навмед мо нагардем, гар куштаи рақибем,

Абёти мо аз ин пас бошад идомати мо.

Эй дўст, рўй овар бар даргаҳи Худованд,

Бисёр ҳам гарон аст қарзи қиёмати мо.

  КАЙ ДОРАД ХАБАР

Аз дили пурхуни мо ағёр кай дорад хабар,

Бехабар аз синаи афгор кай дорад хабар.

Он ки нафси рушдро побанди шавҳат мекунад,

Аз ҷалоли ишқи нузҳатбор кай дорад хабар.

Бехатар набвад сафар аз морпечи роҳи куҳ,

Ғофиле аз неши муру мор кай дорад хабар.

Дил ба роҳи кибр бахшидем тан дар роҳи нафс,

Гардани мансури мо аз дор кай дорад хабар.

Чеҳраи гарми падар Суҳробро осуда кард,

Ҷони мо аз теғи безинҳор кай дорад хабар.

Он ки бар гуфтори Айюбӣ маломат мезанад,

Аз тану аз қалби ғамбемор кай дорад хабар.


     ҶОНФИДО

Айб аст дар замини Худо бехудо будан,

Болои ганҷ хуфта ба ҳукми гадо будан.

Парвардигор халқ намудат ки халқ бош,

Бадбахтии азим биёрад ҷудо будан.

Хоҳи агар савоби ду олам дуру мабош,

Бошад савоб маъсараро ибтидо будан.

Аз роҳи бад буридану омехтан ба ҳам,

Ҷуёи роҳи манзилати алҳудо будан.

Бар суи тудае ки надонад сафо куҷост,

Чун қутби раҳнамой ҳаме дар нидо будан.

Ай дуст гар ба мақтала афтоди матарс,

Бошад савоб дар раҳи хақ ҷонфидо будан.


       ХУБ НЕСТ

Ошнои бовафоро хор кардан хуб нест,

Такя бар ноаҳли безинҳор кардан хуб нест.

Дар миёни аҳли дониш дар дами баҳсу талош,

Гар надори огаҳи исрор кардан хуб нест.

Ку дар ин олам ҳарифе к-у наҷуяд айби мо,

Бо рақиб аз ҳар ҷихат гуфтор кардан хуб нест.

ҳар касе гуяд дуруғ огандаи туҳмат шавад,

Айби худро бар дигарҳо бор кардан хуб нест.

Кам насозад эътибори шайхро далқи куҳан,

Ифтихор аз ҷомаву дастор кардан хуб нест.

Аз саги хап гир худро дур мебояд гирифт,

Масти бадкирдорро бедор кардан хуб нест.

Давлату моли чаҳон нанмуд бар Қорун насиб,

Орзуи сарвати бисёр кардан хуб нест.

Кам куну зебо куну мақбули аҳли фазл кун,

Меҳнати бисёри нодаркор кардан хуб нест.

Дардҳои дил зи доруи куҳан дармон наёфт,

Пандҳои гуфтаро такрор кардан хуб нест.


      ТИРИ ҚАЗО

Кора созад ҷавшани ҳаддодро тири қазо,

Бора созад гардани ҷаллодро тири қазо.

Зиндаги дарёву мо синбоди дарёгаштаем,

Ғарқ созад киштии синбодро тири қазо.

Шаҳрёро, сад ҳимоятгар бигири, сад писар,

Пора созад сангари фулодро тири қазо.

Аз раги ҷонҳо сикандар тори истипдод бофт,

Дод барҳам тори истипдодро тири қазо.

То куҷоҳо мепари боло, биёбад оқибат,

Дар само паррандаи озодро тири қазо.

Қумрие захми дуо мекард бар даргоҳи Ҳақ:

Кур созад дидаи сайёдро тири қазо!

Аз азал то рузи вопас сохт Айюбӣ манор,

Пош дод он хоки бебунёдро тири қазо.


     ХИДМАТ АСТ

Беҳтарин аъмол баҳри комҷуён иффат аст,

Бадтарин кирдор бар фарзанди инсон туҳмат аст.

Аз дуои мо агар фавтид аъдои падар,

Хуни у бар гардани мо ҳамчу тавқи лаънат аст.

Миллате тарсад зи чуби говрона, тудаест,

Тудае гар дар дилаш дорад шуҷоат, миллат аст.

Ҳарф мегуем, мардум руй метобад зи мо,

Обрую эътибори мо зи ҳусни хилъат аст.

Ишқ он бошад, ки овози Худоро бишнави,

Варна, ин дилбастагиҳо аз барои шаҳват аст.

Дидаам пар мезанад бо боли мижгон, ай Худо,

Ку пари коҳе ки моро кулфате дар навбат аст.


    КОРВОНИ УМР

Мерасад тири қазо ҳар дам нишони умрро,

Интиҳое нест дарду ормони уммро.

Оҳ !-мегуяд зи умри бевафо пиру чавон,

Боди саҳро мебарад барги хазони уммро.

Ҳеҷ шоҳаншоҳ агар з-офоқ симу зар набурд,

Бурдааст у заррае тиллои кони умрро.

Боз болотар кашад ҳарчанд болотар равем,

Осмони сифла ҳар дам нардбони умрро.

Мерасад бар гуши мо овои Афлотуни пир:

ҳеч кас накшод асрори ниҳони умрро,

Умри мо чун аспи безин асту мо болои он.

Додаем аз даст сартоби инони умрро,

Меравад умри азизу меравем аз ин ҷаҳон.

Бозгаштан нест дарёи равони умрро,

Аз тапиданҳои дил эҳсос бинмоям мудом.

Пойкубиҳои тунди корвони умрро!


   ҲАМДАМИ ХУДО
      То он даме ки покам ман ҳамдами Худоям,
      Дунёи пок дорам дар олами Худоям.
      То он даме ки шеърам вирди забони халқ аст,
     Ман дар лаби азизон ҷоми ҷами Худоям.
      То он даме ки дорам як коса об дар каф,
     Бо ҳиммати илоҳи ман ҳотами Худоям.
     ҳар ҷо ки пой монам он ҷо расад саодат,
    Орам шифо ба мардум Исодами Худоям.
     Қорун ки роҳ паймуд саҳрои зиндагиро,
    У дар ғами шикам буд ман дар ғами Худоям.
   Ру бар заифу пирон бар кудаку фақирон,
   Сар то ба пой раҳмам чашми нами Худоям.
    Аз қатрҳои Кавсар аз резаҳои ахтар,
    Ман шабнами муҳаббат аз замзами Худоям.
    Дилро ҷароҳате ҳаст касро на роҳатеҳаст,
     То ҳаст дар ҷаҳон дил ман марҳами Худоям.


        ПАНД ГИР

Рав ба гуристону аз лавҳи ғамистон панд гир,

Сад дабистон бигзари аз ин дабистон панд гир.

Айби нодонро бубину нуқтаи доно шунав,

Аз касу аз нокасу донову нодон панд гир.

Эҳтироми ғайр дору мазҳаби худро парсат,

Аз насору будию габру мусалмон панд гир.

Хуни ноҳақро марезу мардумозори макун,

Қасри доро чун фитод аз селборон панд гир.

Зиндаги пасту баланди дораду радду бадал,

Косаи даврест бар дарвешу султон панд гир.

ҳоли аҳли дил чи мепурси аё озодмард,

Бар қафас ру ору аз кабки ғазалхон панд гир.


        ЭЙ ФАЛАК

Эй фалак бар душманонам ақли инсони бидеҳ,

ҷаҳлро бар ҳам бизан раҳми мусалмони бидеҳ.

Душмани бар кас наварзад он ки огоҳ аз Худост,

ҳар чи аз меҳри Худовандист арзони бидеҳ.

ҳар касе бар хонаву бар хони мо дорад ҳасад,

Нозу неъматро барои у фаровони бидеҳ.

Бадзабоне бо газаб гар аз паи таҳқир шуд,

Бар забони у каломи поки раббони бидеҳ.

Бар сабуксоре ки савдоист дар савдои шар,

Фазлу тамкин хирад бар рағми нодони бидеҳ.

Дар ду олам дасти мо андар гиребоне мабод,

Бар гиребонгири мо инсофи раҳмони бидеҳ.


ОДАМЕМ!

Бе Худо мо кистем?!

Бе Худо як тўдаи бефаҳму бемаънистем,

Бе Худо мо нестем.

Бе Худо ишқи замину осмон нест,

Маънии ҳарду ҷаҳон нест.

Бе Худо орӣ зи фаҳми айб,

Бе Худо орӣ зи ваҳми ғайб,

Мешсори подагоҳем,

Аз қафои ҳамдигар дар боҳ- боҳем,

Бе муоф аз ҷурми тақсиру гуноҳем.

Бе Худо дар сар зиё нест,

Бе Худо фаҳми ниё нест,

Ор аз реву риё нест,

Зоти Одам ориё нест.

Бе Худо,

Бе ал- ҳудо,

Роҳи фардои башар кўри гиёҳ аст.

Рўи уммеди башар аз ғам сиёҳ аст,

Мардуми олам ҳама хору забун аст,

Мардуми чашми башар дар зери хун аст.

Нуктаи ҳақ ҳалқаи гўши асам нест,

Сидқ бар фарқи бани одам алам нест,

Подшаҳ бо фитрати дарбон,

Осафон бо хислати харбон,

Ҳукмронӣ мекунанд,

Подабонӣ мекунанд...

Ҳеҷ абёти бамазмун,

Ҳеҷ сарқонуну қонун,

Бе садоқат бар Худо маъно надорад,

Дар дилу дар дидаҳо маъво надорад.

Бе Худо аз эҳтирому аз хирад дурем,

Бе Худо кўрони махмурем!

То даме, к- андар вуҷуди мо Худо ҳаст,

Арҷгоҳи хилқати мо ал- ҳудо аст,

ҳотифи ду оламем, Одамем!


    МАЪЮСОНА

Ба каф додат Худо гар тозиёна,

Намон аз хеш бо ваҳшат нишона.

Ту худ ҳам бандаӣ, ғарқи гуноҳӣ,

Худо довар бувад дар ин миёна.

Ту лоиқ нестӣ бар курсии зар

Ба хулқи деву рўҳи ваҳшиёна.

Гирифторанд ҷамъи аҳли байтат,

Парӣ доранд ё деви сагона.

Биёяд дар хуруҷ ар дарди рўҳит,

Намонад дар ту аз инсон нишона.

Набошад ҷои ту даргоҳи ёрон

Бувад ҷои ту дар девонахона.

Зи таҳқири ту садҳо бегунаҳ мурд,

Шудӣ аз калла пур чандин сағона.

Замона бар муроди нокасон сохт,

Хирад не, дод майдонат замона.

Сарамро гар бигирӣ, бок набвад,

ҳақиқатро бигуфтам шоирона!


      ҲАМОИШ

Дар гирди шамъи сўхта, парвонаҳо ҷамъ омаданд,

Бар зидди шоҳаншоҳи худ ҳамдунаҳо ҷамъ омаданд.

Аз меваи бедонае мағзе намеояд бурун,

Чун хирмани бебаҳраҳо бе донаҳо ҷамъ омаданд.

Фарзанди бадхўи падар бад гуфт дар рўи падар,

Бар рағми ҷадди хештан афгонаҳо ҷамъ омаданд.

Занҳои шаҳри бостон карданд бас оҳу фиғон,

Мастон парешон гаштаанд, мастонаҳо ҷамъ омаданд.

ҳар ҷо, ки зебо хона буд, бишкаста яксон кардаанд,

Дар зери хиргоҳи само бехонаҳо ҷамъ омаданд.

Оташ ба боғи гул заданд, ханҷар ба ҷону дил заданд,

Гўё дар ин шаҳри Худо бегонаҳо ҷамъ омаданд.

Гуфтам, ки Айюбӣ чаро фарзонагӣ надҳӣ нишон,

Гуфто:- Намебинӣ магар девонаҳо ҷамъ омаданд!


        ДИЛ МОНДААСТ

Хусрави мо пойбаргил мондааст,

Аз диёри худ варо дил мондааст.

Оқилон аз шаҳр берун рафтаанд,

Шаҳр бар як тўда ҷоҳил мондааст.

Нест ишқи хусравӣ дар қалби мо,

Шоҳтути мо зи ҳосил мондааст.

Атри гул дигар наояд бар машом,

Гул ба зери пои ғофил мондааст.

Каллаи пўсидае дарpўи хок,

К-андар он не лаҳму не қил мондааст,

Гўиё мегуфт: - Бошед эҳтиёт,

Мори аъфӣ нимбисмил мондааст.

Куштагонему ба чашми бози мо То қиёмат акси қотил мондааст!


БО АҲЛИ ДИЛ НИШИН

Омода соз панҷаи ҳимматфизойро,

Маҳкам бинеҳ ба ҷодаи рағбат ду пойро.

Хуршед пурҷило гузарад аз дили саҳоб,

Фонист банди шўъбада покизаройро.

Ғамгин машав зи ҳарзаи ашхоси беадаб,

Олуда кай кунад лаби саг оби сойро.

Покизарой бош,ки аҳкоми рўзгор

Дар чоҳ беғубор кунанд оби лойро.

Бо аҳли дил нишину ҳамебош ҳамнафас,

К-ояд садо зи ҳамнафасӣ чўби нойро.

Ай беадаб,тамаъ мабар аз моли дигарон,

Натвон рабуд рўзии марди Худойро.


      ЗАРАР

Тир ҳам бар сайду ҳам бар шаҳкамон орад зарар,

ҳарфи ноҳақ ҳам ба ҷисму ҳам ба ҷон орад зарар.

Бадгуморо, бадгумониҳо макун бар рағми мо,

К-он гумони бад ба ҷони бадгумон орад зарар.

Меҳмон аз дар дарояд, носипосиҳо макун,

Носипосиҳо ба ризқи хонадон орад зарар.

Ноҷавонмардӣ намудӣ, пирранҷиш мешавад,

Ранҷиши пирон ба тақдири ҷавон орад зарар.

Дўст то душман нагардад, ҳарфи нобарҷо магў,

ҳарфи ноҳақ бар муҳити дўстон орад зарар.

Зиндагӣ хоҳӣ, машав хоҳони марги дигарон,

Мурдаи ҳамсоя бар ҳамсоягон орад зарар.

      МУШАВВАШ

Арғувони мо чаро дар боғ шўлаш мешавад,

ҳар касе аҳволи мо бинад, мушавваш мешавад.

Аз ҳарори синаи мо хору хас гул мекунад,

Дев бо мо ҳамсафар гардад, париваш мешавад.

Мо наёзурдем гарчи ёри дастомўзро

Кабки роми мо чаро чун боз паркаш мешавад?

Он ки бас озор диду ҳеҷ сар боло накард,

Аз шароби ноби мо Мансури саркаш мешавад.

Ҷумларо мо гар ба тахти обрў биншондаем,

Аз чӣ рў гар навбати мо шуд, кашокаш мешавад.

Айби беиқболии мо ҳаст Айюбӣ, маранҷ,

Гар ба дарё рў биёрам, об оташ мешавад.


           СИРАТИ ПОК

Надодаем ба дасти касе камон асло,

Накардаем сари сабзро хазон асло.

Чу офтоб ба ҳар зарра равшанӣ додем,

Набурдаем зи ҳар хона шамъдон асло.

Қаноат аст дар ин анҷуман шиори мо

Нахурдаем ҳақи нони дигарон асло.

Ба ҳар диёр, ки рафтем, бо касон будем,

Набудаем талабгори нокасон асло.

Биё ҳамеша, ки дарвозаҳои мо боз аст,

Набастаем саги бад дар остон асло.

Агар, ки сирати мо ҳаст пок, Айюбӣ,

Намеравем аз ин даҳр бенишон асло.


    ВАҲДАТ НАМО

Эй бародар, дар дифои ин Ватан ваҳдат намо,

Баҳри фардои аёли хештан ваҳдат намо.

Кинахоҳиҳо ба ҷони халқ меорад зарар,

Зидди ин дарди муфоҷои куҳан ваҳдат намо.

Ин диёри нозанини мо бувад боғи биҳишт,

Баҳри сарсабзии ин боғу чаман ваҳдат намо.

То садои меҳрбори мо расад бар шаш ҷиҳат,

Бар сари минбар баро, аҳли сухан, ваҳдат намо.

Ваҳдати ҷонӣ бубояд, эй ватандорони ҷон,

Бо тамоми ҷонҳо, эй ҷони ман, ваҳдат намо.

Гуфт Айюбӣ: - Агар хоҳӣ, ки бошӣ пешво,

Хештанро ҷамъ кун, дар хештан ваҳдат намо.

     АХТАР ШАВАД

Ашк дар чашмони Исо чашмаи Кавсар шавад,

Сурма дар чашми Яҳудо гарди хокистар шавад.

Бахт баргардад агар дар гирудори зиндагӣ

Модари ҷону ҷигарбанди ту моиндар шавад.

Гар ба дарё ғарқ гардӣ, ҳаст уммеди халос,

Мешавад гумном ҳар кӣ ғарқаи соғар шавад.

Қадри гавҳар кам нашуд аз гуфтаи беҷавҳарон,

Қадри доно аз баҳои паст болотар шавад.

Дар замин марди хирадро роҳ надҳӣ, бок нест,

Мекунад меъроҷ, то дар осмон ахтар шавад.


 ЗАБОНРО НАРМ ДОР

Бадгумон аз дўстони худ машав,

Бехабар аз душманони худ машав.

Гар камону тир овардӣ ба каф,

Хеҷ мағрур аз камони худ машав.

Дар ҷавонӣ дур бош аз роҳи бад,

Душмани ҷони ҷавони худ машав.

Шерро шери дигар зўр оварад,

Ғарра аз зўру тавони худ машав.

Бад машав, ҳамсояат гар бад шавад,

Ғофил аз ҳамсаягони худ машав.

Бад магў, умре сифоти халқ кун,

Бадгумони ҳамгинони худ машав.

Байни ҷаъмият забонро нарм дор,

Куштаи теғи забони худ машав.


       ТЎШАИ РОҲ

Ёрон, тавофи каъбаи мому падар кунед,

Дунё ғанимат аст, зи ғафлат ҳазар кунед.

Гетӣ ду нусха нест, ҷаҳони дудар якест,

Чашми хирад кушода аз ин раҳ гузар кунед.

Ёрон, тавофи каъбаи мому падар кунед!

Дарвозаи ҷаҳаннаму ҷаннат дари дил аст,

Дил бар каф овареду ба ҷонҳо асар кунед.

Моему олам асту самовоти пурғубор,

Ашки мурод шабнами гулҳои тар кунед.

Ёрон, тавофи каъбаи мому падар кунед!

Тобутвор дар сари ҳар мавҷ як хасест,

ҳар дам назар ба қофилаи даргузар кунед.

Мому падар фариштаву ҳурони хокиянд,

Ин хокро чу мому падар тоҷи сар кунед.

Ёрон, тавофи каъбаи мому падар кунед!

То рўзи ҳашр ояду мо ҳамсафар шавем,

Аз ишқи ёр тўшаи роҳи сафар кунед.

Ёрон, тавофи каъбаи мому падар кунед!


     ДЎСТ МЕДОРАМ

Дили дардошноро дўст медорам,

Аё мардум, шуморо дўст медорам.

ҳама пайванди ин арзу самовотем,

Ба ҷон арзу саморо дўст медорам.

Агар ҳамду сано бар шавкати халқ аст,

Чунин ҳамду саноро дўст медорам.

В-агар шамшер дорад сояи тавҳид,

Беҳин боли ҳуморо дўст медорам.

Ғуруре раҳ барад бар ғайрати миллат,

Ғурури пешворо дўст медорам.

ҳама пирўзии мо аз Худованд аст,

ҳабиби камтаноро дўст медорам.


       УМЕД НЕСТ

Чашм агар дар меҳр чун хуршед нест,

Аз чунин чашми сияҳ уммед нест.

Зиндагӣ пайвастани ҷону тан аст,

ҳар куҷо ҷонест, бе тавҳид нест.

Бе силаҳ хуршед оламро гирифт,

Обрўи мард дар таҳдид нест.

Дида бар домони ноаҳлон марез,

Сар ба по бигзоштанҳо дид нест.

Хез, Айюбӣ, ба ранҷ омода бош,

Лоҷарам ҳар рўзи умрат ид нест.


  МАН МУСАЛМОНАМ!

Ман мусалмонам.

Фитрати пайғамбари ҳақро сано хонам

Посдори фазли Қуръонам Ровии фармудаи бобои Салмонам,

Ман мусалмонам,

                                    мусалмонам!

Парчами ман гардани ман ҳаст,

Шавкати ман дар суҷуд овардани ман ҳаст,

Меҳри ҳақро мисли ҷон андар вуҷуд овардани ман ҳаст.

Ишқ меборад зи чашмонам, Ман мусалмонам,

                                        мусалмонам!

Дар намозам байни ду абрў Бироҳамро нишонам,

Дўзах аз чап в-он Биҳишти покро аз рост монам

ҳам малак-ал-мавтро дар пушт биншонам.

Ёбам аз парҳезу шарму сидқ то роҳи наҷот

Тору пуди ҷонамозамро кунам теғи Сирот

Тавба гўям: - ҳарчӣ бад кардам, пушаймонам,

Ман мусалмонам,

                                    мусалмонам!

ҳазрати Зартушту Иброҳиму Мўсои пурэҳсон,

ҳазрати Исои рўҳаллоҳ ҳам Муҳаммад Mустафо

Гуфтаанд:- Эй халқу миллатҳо, Худо яктост,

К-ў Худои ҳар кадоми мост!

Фарқ нагзоред байни дину мазҳабҳо,

Ҷуз ҳамин матлаб набошад турфа матлабҳо

Чун Худо яктост, фарқеро миёни дину мазҳабҳо

                                                               намедонам,

Ман мусалмонам,

                                мусалмонам!

Гар мусалмонам, набояд хираву мағрур бошам,

В-аз ҳама эъҷозҳои фазли олам дур бошам.

Месазад фазлу забони халқҳоро хуб донам,

Ҷумлаи халқи ҷаҳонро мўнису маҳбуб донам,

По ба пои халқи олам раҳ кушоям

Пар барорам, дар самоҳо офтобу маҳ кушоям,

Донишу фазлам шавад эъҷози давронам,

Бо сари боло миёни халқҳо гуфтан тавонам:

- Ман мусалмонам,

                                  мусалмонам!

Гар кунам аз номи ҳақ нобарҳақӣ,

Гар биёрам ҳар куҷо беравнақӣ.

Бишканам паймони ёронро

Бар ғазаб орам ҳама аҳли мусалмонро.

Шавкатам гар халқро дур аз фараҳ орад,

Қудратам гар зулмату айбу гунаҳ орад

Риштаи тасбеҳи ман бар бегуноҳон дор гардад

Тоҷу тахтам мояи озор гардад Пас мусалмон нестам

Ёри Яздон нестам!

Ман ҳамон вақте мусалмонам, ки ёри ёрҳо бошам

Посдори беҳтарин пиндорҳо, гуфторҳо,

                                                            рафторҳо бошам

ҳеч гоҳе бар раҳи шайтони маълун по намемонам,

Ман мусалмонам,

мусалмонам,

мусалмонам!


Ин буд пораи аз шеърҳои устод Сафармуҳаммад Айюбӣ ки дар васфи тасаввуф бахшида шудааст. Бо эҳтиром набераи устод Сафармуҳаммад Айюбӣ Ғанизода Шаҳзод.