Jump to content

Вазифа ё рисола

From Meta, a Wikimedia project coordination wiki
This page is a translated version of the page Mission and the translation is 100% complete.

Изҳороти рисолати Фонди Викимедиа фаъолияти ҷорӣ ва ҳадафи он, миқёси лоиҳаҳои мо ва арзишҳои асосии моро тавсиф мекунад. Диди ин рисола аз ифодаи идеалҳои мо фарқ мекунад. Изҳороти кунунии рисолаи мо, ки нусхаи мухтасари бодиққат коркардшудаи моддаи дахлдори Оинномаи Фонд мебошад ва бо қарори Шӯрои ваколатдорон дар моҳи апрели соли 2007 тасдиқ шудааст, чунин аст::

Вазифаи Бунёди Викимедиа васеъ кардани имкониятҳо ва ҷалби одамон дар саросари ҷаҳон барои ҷамъоварӣ ва таҳияи мундариҷаи таълимӣ бо шартҳои иҷозатномаи ройгон ё домени ҷамъиятӣ, инчунин паҳнкунии самаранокии он дар саросари ҷаҳон мебошад.

Дар ҳамоҳангӣ бо шабакаҳои ихтиёриёни инфиродӣ ташкилотҳои ҳаракати мустақили мо аз ҷумла, Филиалҳои эътирофшуда, Созмонҳои мавзӯӣ, гурӯҳҳои Корбарон, ва Шарикон, Фонд инфрасохтор ва сохтори зарурии ташкилиро барои дастгирӣ ва рушди лоиҳаҳои бисёрзабонаи вики ва дигар лоиҳаҳое, ки ба ин рисола хизмат мекунанд, таъмин мекунад. Фонд маълумоти муфиди дастрасро дар бораи лоиҳаҳои худ дар Интернет ҷойгир ва нигоҳ медорад: ройгон ва бемуҳлат.

Пешниҳодҳо оид ба тағйир додани ибораҳо дар ин мақола бояд дар нишонаи Mission/Unstable сохта шавад; ҳамагуна тағйиру иловаҳо соле на камтар аз як маротиба аз назар гузаронида мешавад (ҳарсол).

Оиннома, дидгоҳ ва арзишҳои моро низ бибинед.